Баъд аз хӯроки шом роҳбари лагер муаллими собиқадор Баҳридди Холиқов сарварони дастаҳоро якҷо бо шогирдон ба базмгоҳ хонд. Муаллима Гавҳар Қурбонова нахустин шуда гуруҳи худро ба майдон ворид кард. Дигар гуруҳҳо низ бо табли шодию сурур ба навбат ҷои худро пайдо мекарданд. Садои шайпур аз анҷоми даври аввали лагер мужда дод ва мувофиқи реҷаи рӯзҳои истироҳат, ки ҳар кадом рӯзе бо барномаи махсуси фароғатӣ тарҳрезӣ шуда буд, озмуну викторинаҳоро ҷамъбаст намуда, беҳтаринҳоро муайян кардаанд.
Маълум шуд, ки дар чорабиниҳо аксари бачаҳо фаъол будаанд. Туҳфаю ифтихорномаҳо ба шогирдони беҳтарин супорида мешуд. Дигар муаллимону сарварони дастаҳо ва истироҳаткардаҳо, шогирдони мактабҳо ба навбат сухан гирифта, аз таассуроташон сухан гуфтанд. Гулхани шоми хайрбод ҳам афрухта шуд. Оташ ҳар қадар аланга мегирифт, базми бачаҳо ҳамон дараҷа метафсид.
«Дурахшон» дар ҳақиқат он шаб медурахшид. Субҳи рӯзи дигар истироҳатгоҳи «Дурахшон» аввалин 150 нафар толибилмон гусел кард ва ба даври дуюм гуруҳи наверо иборат аз 150 нафар истиқбол намуд.