Тибқи иттилои муовини ин раёсат Гурез Қосимов, дар соли 2013 240 нафар хизматчиёни давлатӣ ба синни ниҳоии нафақа хоҳанд расид. Ҳамчунин номбурада гуфт, дар нимаи аввали соли ҷорӣ тибқи хулосаи комиссияҳои аттестатсионӣ 1807 нафар хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла 229 нафар зан ба мансаби ишғолнамудаашон мувофиқ дониста шудаанд. Аз ин нафарон 44 нафар, аз ҷумла 3 нафар зан барои ба мансаби баландтар таъин намудан, ба 100 нафар, аз ҷумла 17 нафар зан барои дохил намудан ба рўйихати захиравии мутахассисони роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ, ба 113 нафар, аз ҷумла ба 8 нафар бону барои додани рутбаи тахассусии навбатӣ тавсия дода шудааст.