То кунун ӯ лоиҳаи насби лӯлаи обгузарро маблағгузорӣ намуда, барои барқарор намудани ду гектар замини бекорхобида, саҳмгузорӣ намуда истодааст.
Ба гуфти Замирахон Қаҳҳорова, алъон ният дорад бо истифода аз маблағҳои боқимонда як корхонаи кӯчаки бандубасти меваҳои хушкро ифтитоҳ намуда, сӣ нафар бонувони маҳалро бо кори доимӣ таъмин созад.
Тибқи иттилои ба дастомада, айни замон ин бонуи кордон дар 26 гектар боғи зардолу ва хуч парвариш намуда истодааст. Имсол дар 10 гектар майдони байни қатори дарахтон гандуми навъи «Краснодар» ва дар 2 гектари он юнучқа кишт кардааст.
Хоҷагидорон тасмим доранд, ки дар заминҳои ба тозагӣ азхуд намудаашон боғи себу шафтолу бунёд намоянд.