Ба гуфти ӯ айни ҳол таҷҳизоти истеҳсоли Итолиё ва Ҷопон, ки ба маблағи 30 миллион сомонӣ харидорӣ шудааст, насб гардида, марҳалаи омодагӣ барои ба кор даровардани корхона шуруъ шудааст. Алҳол дар корхонаи мазкур 300 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда, иқтидори солонаи истеҳсоли ришта 2 ҳазору 500 - 3 ҳазор тонро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои ба дастомада дар сехи истеҳсоли либосвории коргоҳи мазкур 100 нафар занон машғули коранд. Соли гузашта коргарони коргоҳи мазкур мувофиқи шартнома ба мактабиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров либосҳои мактабӣ омода карда буданд.
– Корхона дар рӯзҳои надик фаъолияти худро ба таври густурда ба роҳ монда, дар марҳилаи аввал 800 нафар ва сипас 300 нафари дигарро бо кор таъмин хохад кард,– иброз дошт Рустамҷон Содиқов. – Қобили зикр аст, ки аксари коргаронро бонувони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.