Тибқи лоиҳаи мазкур кӯдакистони президентӣ бо 5 бинои дуошёна барои 640 кӯдаки болаёқату соҳибистеъдод пешбинӣ шуда буд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо бинокорон пешниҳод намуд, ки бо истифода аз масолеҳи сабуки сохтмонӣ ин иншоотро иборат аз се ошёна бунёд намоянд, то дар ин дабистон 1000 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шаванд.
Эмоамлӣ Раҳмон ба масъулини корҳои сохтмонӣ дастур дод, то корҳои сохтмониро вусъат дода, то 1-уми ноябри соли ҷорӣ кӯдакистонро ба истифода диҳанд. Бо мақсади таъмини мустақили биноҳои он бо нерӯи барқ дастур дода шуд, ки дар болои бомҳои кӯдакистон панелҳои офтобӣ гузошта шавад. Таъкид гардид, ки биноҳои кӯдакистони президентӣ бояд дорои шабакаҳои муосири таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ва шароити беҳтарини гигиению санитарӣ бошанд.
Тибқи иттилои Акрам Аслонов мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, айни замон дар ҳудуди шаҳр 30 адад муассисаҳои томактабӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 7943 кӯдак ё худ 34 дарсади кӯдакони маркази вилояти Суғд ба тарбия фаро гирифта шудаанд.