Ҳини сафар вазир нахуст аз ҷараёни таълими курсҳои дӯзандагӣ барои занон ва ҷавондухтарони деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ ошноӣ пайдо намуда, дар ифтитоҳи сехи дӯзандагии маркази ноҳия,ки барои ҷалби занҳои хонашин нигаронида шудааст, иштирок намуд. Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ ӯ аз синфхонаҳои омӯзиши касбҳои дӯзандагӣ ва компутерии деҳаи Пастиғав ва сехи дӯзандагии деҳаи Рогиф дидан намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани шароити корӣ ва омузишии духтарон ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.Ҳамин гуна синфхонаҳои компутерӣ, дӯзандагӣ ва қаннодӣ ҳангоми боздиди вазир дар деҳоти ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Панҷакент низ барои бонувони хонашину касбомӯз кушода шуд, ки албатта, мақсад коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ барои онҳо хоҳад шуд.