Бо ҳамин мақсад ҳамасола аз ҷониби вазорат ба ҳамаи шуъбаҳои маорифи навоҳии ҷумҳурӣ мактубҳо фиристода мешавад,ки дар он пешгирӣ намудани ин амалҳо таъкид мегардад. Бино ба иттилои маркази матбуотии Вазорати корҳои дохила новобаста ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои пешгирикунанда имсол низ дар арафаи занги камолот аз ҷониби хатмкунандаҳои мактабҳо ходисаҳои қонунвайронкунӣ ба мушоҳида расид. Тибқи иттилои ин сарчашма кормандони милиса хонандагони синфҳои 8 ва 9-и мактабҳои рақами 66 ва 92- ноҳияи Сино ва рақами 24-ноҳияи Фирдавсиро дастгир намуданд, ки нияти ба фароғатгоҳҳои Варзоб рафтанро доштанд. Ҳамчунин ҳангоми гузаронидани амалиётҳои фаврии кормандони милиса шогирдони мактаби рақами 4-шаҳри Турсунзода ва хонандагони синфи 9-и ноҳияи Рӯдакӣ низ ба даст афтоданд, ки азми дар тарабхонаҳои шаҳри Душанбе зиёфат оростанро доштанд.
Тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷуҳурии Тоҷикистон волидони ин мактаббачаҳо бо пардохти ҷаримапулиҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.