Бино бар гуфтаи муовини сарвари Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон Малика Мирзобаҳодурова, зимни ин мулоқотҳо дарсҳои омӯзишӣ низ дар назар ҳастанд. Манбаъ мегӯяд, ин дарсҳо барои бонувони тоҷику афғон муфид хоҳанд буд. Гузашта аз ин, табодули таҷриба миёни бонувони ҳунарманд заминаи мусоидеро барои ҷалби теъдоди ҳарчӣ бештари занону духтарони Тоҷикистону Афғонистон ба кори муфиду самарабахш эҷод хоҳад кард.
Зимнан, бонувони ҳунарманди афғон усули қолиндӯзӣ, хомакдӯзӣ ва шоҳибофиро ба бонувони тоҷик меомӯзонанд.
Ҳамоиши бонувони ду кишвар дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Рушди тиҷорати бонувон тавассути таҳкими равобити байналмилалии тиҷоратӣ миёни Афғонистону Тоҷикистон», ки Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон амалӣ менамояд, сурат мегирад.