Ин барномаҳои фарҳангӣ аз 10-уми май шурӯъ шуда, то 30 юми ҳамин моҳ идома кард. Дар тӯли 20 рӯз ҳунармандони Озарбойҷон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қурғонтеппа ва Душанбе, аз ҷумла дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ҳудуди 10 барномаи ҳунарӣ иҷро карданд.
Сафир Аббос Алӣ Гасанов меафзояд, аз ин ба баъд равобити фарҳангии Озарбойҷону Тоҷикистонро бештар тавсия хоҳанд дод.
Зимни барномаи фарҳангии ахир дар Донишкадаи санъат ҳамчунин зикр гардид, ки дар моҳи июли соли ҷорӣ дар вилояти Бадахшон барномаи консертии дӯстии ин ду кишвар доир хоҳад гашт.