Дар идомаи маҳфил ҳунармандони мардумӣ Ҷовидон Нозимов, Муҳаррамаи Шариф, Бунафшаи Шокир, Курбоналӣ Абдуллоев сурудхонӣ карданд.
Ёдовар мешавем, Нигинаи Рауф, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон 21 майи соли 1945 дар деҳаи Шерамони ноҳияи Файзобод таваллуд ва 22-юми декабри соли 2010 дар синни 65-солагӣ аз дунё даргузашт. Вай дар оромгоҳи Лучоби Душанбе дар канори афроди саршинос ба хок супорида шуд.
Нигинаи Рауф бори нахуст овозхониро дар дастаи ҳаваскорони санъати корхонаи бофандагии шаҳри Душанбе оғоз карда, сипас дар соли 1971 дар ансамбли занҳои рубобнавози Филармонияи давлатии Тоҷикистон идома додааст.
Вай аз соли 1975 то дами марг узви дастаи ҳунарии Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик буд. Аз Нигинаи Рауф таронаҳои зиёде мерос мондааст.