Дар вохӯрӣ фаъолияти бонувони Тоҷикистон дар бахши соҳибкорӣ, дастрасии онҳо ба маблағҳои қарзӣ ва роҳҳи рушди тиҷорат миёни бонувон баррасӣ гардид.
Бонувон – намояндагони Бонки исломии Рушд рушду инкишофи соҳибкории миёнаро дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки бо ҷудо намудани маблағҳои қарзӣ дар ин бахш ба хасус барои бонувони соҳибкор, метавон ҳазорҳо занони хонанишинро бо ҷойи кор таъмин намуд.
Дар интиҳои мулоқот намоиши ҳунарҳои дастии бонувони Тоҷикистон баргузор гардида, намунаи дастовардҳои истеҳсолии бонувони соҳибкор пешкаши меҳмонон шуд.