Дар маҳфиле, ки бахшида ба рӯнамоии ин китоб дар Вазорати фарҳанги ҶТ баргузор гардид, як зумра ходимони фарҳангии Тоҷикистон аз фаъолият ва эҷодиёти Вафо Назаров тамҷиду тавсиф карданд.
Боиси зикр аст, ки Вафо Назаров бозёфтҳои санъати тасвирии тоҷикро дар 40 кишвари дунё муаррифӣ кардааст.