Дар ин намоиш нақшҳои асосӣ – Лайлро Ҳунарпешаи халқии Озарбойҷон Назокат Теймурова, Маҷнунро – Ҳунарпешаи халқии Озарбойҷон Мансум Иброҳимов ва Нофелро – Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев бозиданд.
«Лайлӣ ва Маҷнун» нахустин операи миллии озорбойҷонист, ки муаллифи опера онро ҳанӯз дар соли 1907 аз рӯи достони шоири асри 15 Фузулӣ навиштааст.
Соли 2008 дар доираи як қарори ЮНЕСКО 100 - солагии ин опера таҷлил шуд.
Ҳамакнун ин опера дар Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст.