Тибқи иттилои манбаъ то 1-уми майи соли ҷорӣ ба шуъбаи мазкур 127 нафар занони корҷўй муроҷиат намуда, аз ин теъдод 82 нафарашон бо ҷойи кор таъмин шудаанд. То имрўз 25 нафар бонувон курси дўзандагиро хатм намуда, соҳиби шуғли даромаднок шудаанд.
Гуфта мешавад, ки дар соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Қумсангир ба ду нафар бонувони соҳибкор, ки лоиҳаҳои ҷолибро пешкаш намуда буданд, 5 ҳазору 500 сомонӣ маблағи қарзӣ дода шудааст.