Бино ба иттилои мақомот, тамоюли муҳоҷирати занҳо дар чанд соли ахир рӯ ба рушд дорад.
Дар ҳамин ҳол, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар Русия шумори муҳоҷирони кории тоҷик ба 1,1 миллион нафар мерасад. Ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон дар бархе аз кишварҳои собиқ шӯравӣ муҳоҷирати мавсимӣ баргузидаанд.
Бо ин вуҷуд шумори дақиқи муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷ аз кишвар аз сӯйи ҳич ниҳоде то кунун ном бурда нашудааст.