Намоишномаи ҳунармандони Хоруғ ба қалами дромнавис Абдувадуд Файзиев тааллуқ дошта, ҳунармандони ҷавон порае аз онро бо унвони «Шоҳ ва дузд» саҳнавӣ гардонданд. Нақшҳои шоҳ, вазир ва дуздро ҳунармандон Саидназар Ҳаловатов, Ҷамшед Ҳаимов ва Сураҷ Сафаралибеков бозӣ мекунанд.
Коргардони намоишнома Ҷамшед Ҳакимов мегӯяд, ки ҳадафи аслии намоиш мубориза бо коррпусия буда, бо ин саҳнача онҳо мехоҳанд, дар тафакури тамошобин моҳияти зарбулмасали мардумии «намак хӯрдӣ намакдон нашикан»-ро ҷо кунанд.
Дузди айёре аз роҳи зеризаминӣ ба хазинаи шоҳ роҳ меёбад ва дар байни ҷавоҳирот ва зару зевар ногоҳ дасташ ба ҷисми сахт бармехӯрад ва чун ламс мекунад ва мефаҳмад, ки намак аст, ба хотири пос доштани ҳаққи намак аз нияташ даст мекашад.
Ҳунармандон бо суханони буро ва пандомез, ҳаракат ва тасвирҳои ҷолиб аз афроде, ки нону намаки давлат ва мардумро мехӯранд, даъват менамоянд, ки чун ба ин неъмат онҳоро сазовор донистанд, ба хазина ва хазинадори он бояд хиёнат накунанд ва вазифаашонро софдилона иҷро намоянду ҳаққи намакро пос доранд.
Ҳунармандони ҷавон бовар доранд, ки намоишнома писанди тамошобинон гардида, бо зинда кардани моҳияти зарбулмасали халқӣ дар ҷилавгирӣ аз фасод саҳм мегузоранд.