Ба гуфтаи ӯ таъмини шароити кор барои занони аз шавҳар ҷудошуда, муш-килиҳои гуногун дар пай дорад. Зеро ин қишри ҷомеа, ки соҳиби маълумоти касбӣ нестанд, баъд аз пошхӯрии оилаҳояшон ба мушкилоте мисли беҷойи кору надош-тани манзили зист рӯ ба рӯ мешаванд.
- Имсол низ мо тасмим дорем 10 нафар бонувони аз шавҳар ҷудошударо, ки орзуи касбомӯзӣ доранд, ба омӯзишгоҳи тиббӣ сафарбар намоем. Зеро дар бештари рустоҳои ноҳияи Файзобод норасоии ҳамшираҳои шафқат ба чашм мерасад.