Чун анъанаи ҳамоишҳои бахшида ба ин сана, дар ин рӯз аз ҷониби намояндагони созмонҳои мудофеи озодии баён, сохторҳои давлатӣ ва муҳаққиқони соҳаи рӯзноманигорӣ барои дастрасии бештар пайдо кардан ба озодии баён дар Васоити ахбори омма як идда пешниҳодот ироа гардид.
Аз ҷумла Иброҳим Усмонов, муҳаққиқи соҳаи журналистика гуфт, барои риояи ахлоқи касбӣ зарурат пеш омадааст, ки рӯзноманигорони ҷавон дар мавзуи ифтихори миллӣ, эҳтироми фарҳанги ғайр ва шеваи ба даст овардани иттилоот ба давраҳои омӯзишӣ ҷалб карда шаванд.
- Пешниҳоди дигар ин аст, ки барои баланд бардоштани масъулияти иҷтимоии ВАО таҷрибаи муҳаррирони муваффақ омӯхта шавад, - афзуд И. Усомонов.
Ҳамчунин, зимни ин ҳамоиш мудири шуъбаи Иттилоот ва таҳлили дастгоҳи Президенти ҶТ Қурбон Шарифӣ ширкат дошт ва изҳор намуд, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда барои таъмини озодии баён талош хоҳад кард. Қурбон Шарифӣ дар идома афзуд, ки вокуниши ҷомеаи журналистӣ ба гуфтаҳои таҳқиромези вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия Владимир Жириновский нисбати миллати тоҷик, исбот кард, ки барои ҳамаи рӯзноманигорон нангу номуси миллӣ қадр дорад.
Дар хотимаи ҳамоиш иддае аз созмонҳои рӯзноманигорӣ журналистонеро, ки дар як соли ахир ҷасорати бештар нишон доданд, бо туҳфаҳо қадр карданд.