Ба гуфти манбаъ дар ин корхонаҳо, ки асосан самти фаъолияташон барои омода намудани маҳсулоти қаннодиву нонпазӣ равона шудааст, дар баробари бонувон ҳамчунин, 15 нафар ҷавонписарон низ бо кор фаро гирифта шудаанд.
Таъсиси ҷойҳои корӣ барои бонувон аз барномаҳои муҳими давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар интихоби коргарон авлавият ба бонувон дода мешавад. Дар ин замина ба гуфти масъулин дар шаҳри Кӯлоб бунёди 14 корхонаҳои гуногуни саноатӣ дар назар дошта шудааст.