Ба гуфти манбаъ дар марказ ба хотири таъмини бозори меҳнат бо ихтисосмандон гуруҳҳои махсуси касбомӯзии бонувон таъсис дода мешавад.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар заминаи фаъолияти «Маркази бонувон» маслиҳатгоҳҳои ҳуқуқию равонӣ ташкил ёфта, коршиносон ин ҷо дар ҳифзу дастгирӣ ва ҳалли масоили иҷтимоии бонувон кӯмакҳои амалӣ хоҳанд расонид.
Дар назар аст, ки дарҳои марказ тамоми рӯзҳои ҳафта барои корафтодагон боз бошад, то мутахассисон тавонанд сари вақт ба муроҷиати бонувон ва мушкили онҳо расидагӣ кунанд.