Тавре муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҳуринисо Ализода иттилоъ дод, дар ин маҳфил ҳунармандони шинохта Марям Исоева, Хайрӣ Назарова, Ҳабибулло Абдураззоқов, Ортиқи Қодир ва дигар дӯстону наздикони марҳум иштирок намуда, аз рӯзгору фаъолияти ҳунарии София Тӯйбоева ёдоварӣ карданд.
Дар имрӯз дар қатори намоиши наворҳо аз фаъолияти ҳунарманд, инчунин порае аз намоишномаи «Бой ва хизматгор» дар иҷрои ҳунармандони Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи А. Лоҳутӣ пешкаши меҳмонон гардид.
София Тӯйбоева 30 январи соли 1913 дар шахри Қазолии Ҷумҳурии Қазоқистон ба дунё омада, солҳои 1929 - 1931 дар театри Ҳамза Ҳакимзодаи шаҳри Тошканд фаъолият намудааст. Вай аз соли 1931 ба шаҳри Душанбе омада, фаъолияташро дар Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи А. Лоҳутӣ оғоз намуд ва то охири умр дар ҳамин театр ва кинои тоҷик нақшҳои ҷолиб бозидааст.
Ёдрас мешавем, ки София Тӯйбоева нахустин муассис ва раиси ҷамъияти театрии Тоҷикистон (1968-1980) ба ҳисоб рафта, тӯли фаъолияти ҳунарӣ бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардидааст.