Ба гуфти манбаъ ин севумин муассисаи томактабиест, ки дар ҳудуди ноҳияи Қубодиён ба фаъолият оғоз кардааст. Ба гуфти масъулин Муассисаи томактабии рақами 3-и ноҳияи Қубодиён бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии сокинони ҶД «Тахти Сангин» бунёд гардида, бо тамоми ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
– Дар рӯзи кушодашавии боғчаи бачагона 25 нафар тифлакон барои таҳсили аввалия ба ин муассиса қабул карда шуданд. Айни ҳол ҳудуди 300 нафар тифлакони ноҳияи Қубодиён ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки баробари дар истеҳсолот фаъол шудани бонувони русто талаботи аҳолӣ барои фаро гирифтани тифлон ба муассисаҳои томактабӣ низ зиёд мешавад, - мегӯяд Меҳринисо Раҷабова.
Тибқи иттилои манбаъ бо дастури раиси ноҳияи Қубодиён дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бунёди муассисаҳои томактабӣ бар назар гирифта шудааст ва давоми соли ҷорӣ бояд боз 6 муассисаи дигари томактабӣ ба истифода дода шавад.