Бино ба гуфти Бахтия Муҳаммадиева, сарвари Агентии омори ҷумҳурӣ пажуҳишро Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии кишвар бо дастгирии молиявии Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба руши байналмилалӣ (USAID) ва маблағгузории иловагӣ аз ҷониби Хазинаи нуфузи аҳолии СММ дар Тоҷикистон (UNFPA), тайи моҳҳои июл-сентябри соли 2012 гузарониданд. Дар назарпурсӣ зиёда аз 200 нафар кормандони Агентӣ ва Маркази кулли ҳисоббарори ҷумҳурӣ, ки 70 нафарашон занону духтарон буданд, иштирок доштанд.
Чуноне ки Бахтия Муҳаммадиева афзуд, пажуҳиши мазкур барои барномаҳои ояндаи иҷтимоии давлат нақши муҳим дорад.
– Натиҷаҳои таҳқиқот барои беҳтар сохтани саломатии мардум, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, хусусан занону кӯдакон заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳамчун дастурамал хизмат хоҳад кард, – қайд кард номбурда.
Ин пажуҳиш ҳамчунин бо мақсади гирифтани маълумоти воқеӣ дар сатҳи умумимиллӣ ва минтақавӣ дар бораи таваллуд ва истифодабарии усулҳои зидди ҳомиладоршавӣ, саломатии модарон ва кӯдакон, фавти тифлони навзод ва кӯдакон, зӯроварӣ дар оила нисбат ба занҳо, ҳамчунин бохабар будан аз бемории сил, ВНМО/СПИД ва дигар маризиҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда мусоидат мекунад.
Дар назарсанҷӣ аз 6674 хонаводаи интихобшуда 9656 нафар занҳои синнашон15-49 сола аз манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ пурсида шуданд. Бештари занон-мусоҳибон (73 фоиз) дар деҳот, аз ҷумла 36 фоизи пурсидашудагон дар вилояти Хатлон, 30 фоиз дар вилояти Суғд, 23 фоиз дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 9 фоиз дар шаҳри Душанбе ва 2 фоиз дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон зиндагӣ мекунанд.
Пажуҳиш нишон дод, ки бештари хонаводаҳои тоҷик дигар намехоҳанд, ки серфарзанд бошанд. Ҳудуди 55 дарсади занҳои пурсидашудаи соҳиби се кӯдак гуфтаанд, ки дигар майли таваллуд кардан надоранд.
Бино ба натиҷаҳои пешакии нахустин таҳқиқоти тиббӣ-демографии Тоҷикистон коэфитсенти миёнаи таваллуд дар Тоҷикистон ба як зани қобили таваллуд 3,8 кӯдак рост меояд. Ин нишондиҳанда дар Афғонистон-5,1, дар Покистон- 4,1, дар Озарбойҷон- 2 ва дар Арманистон ба 1,7 кӯдакро ташкил медиҳад.
Бар асоси таҳқиқоти анҷомшуда дар соли 2012 ба ҳар як ҳазор таваллуди зинда 19 марг рост меояд. Ин омор соли 2008 34 кӯдакро ба ҳар як ҳазор тавалуд ташкил медод.
Бино ба андешаи Шамсиддин Қурбонов, мудири Пажуҳишгоҳи акушерию гинекологии Тоҷикистон дар замони шӯравӣ ба модарон барои ҳар сари кӯдак 18 сӯм медоданд, зане, ки даҳ кӯдак дошт, унвони қаҳрамонмодарӣ мегирифт. Сахт шудани шароити зиндагӣ ва иҷрои барномаҳои чандсолаи миллии сиҳатии модару кӯдак ва танзими оила дар Тоҷикистон афкори мардумро дар мавриди серфарзандӣ тағйир додааст:
– Ҳоло даҳ кӯдак таваллуд мекунӣ, касе ташвиқу дастгирӣ намекунад. Дар баробари ин хӯрондану пӯшондану хонондани онҳо лозим аст. Талабот дигар шудааст, фаросату фарҳанги мардум низ дигар шудааст, яъне зиндагиро фақат дар таваллуди фарзанд намебинанд. Зиндагӣ паҳлӯҳои дигар ҳам дорад, – мегӯяд ҳамсӯҳбатам.
Тибқи пажуҳиши агентӣ аз васоили замонавии пешгирии ҳомиладоршавӣ бештар занон дар вилоятҳои Суғду Бадахшон истифода мекардаанд. Дар маҷмӯъ, танҳо 28 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки аз васоили зидди ҳомиладоршавӣ истифода мебурдаанд.
Ба гуфтаи Абдувалӣ Қулов, сардори Раёсати омори демографии Агентии омори ҷумҳурӣ бо вуҷуди коҳиши таваллуд ва каме суст шудани суръати афзоиши аҳолӣ, дар Тоҷикистон ҳар сол аз 200 то 300 ҳазор кӯдак таваллуд мешавад.
Алиҷон Ҷӯраев