Ба гуфтаи манбаъ корхонаи коркарди шир, ки дар назди фермаи зотпарварии ҷамоати деҳоти «Ҳилолӣ» ба истифода дода мешавад, 10 намуд маҳсулоти гуногуни ширӣ истеҳсол хоҳад намуд.
-Масъулини фермаи мазкур ният доранд, ки аз хориҷи кишвар зотҳои беҳтарин чорвои калони шохдорро ворид намуда, истеҳсоли ширро зиёд кунанд, – афзуд манбаъ.
Тибқи иттилои ба дастомада ҳоло дар ҷамоатҳои деҳоти «Даҳанакиик» ва «Ҳилолӣ» сохтмони корхонаҳои коркарди мева низ идома дорад, ки дар баробари ба истифода додани онҳо дасти кам 20 нафар бонувони хонашин бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.