Раиси Ассотсиатсияи бонувони соҳибкори вилоят Нигина Ватанбекова изҳор дошт, ки занони соҳибкор зимни ин мулоқот аз мушкилоти фаъолият, аз ҷумла, баланд будани фоизҳои қарзи бонкӣ шикоят карда, хостори паст кардани фоизҳо шуданд. Ба гуфти соҳибкорон фоизи баланди қарзи бонкӣ, рақобатпазирии соҳибкорони ватаниро дар назди ҳамтоёни чиниашон, ки воридкунандаи асосии мол ба вилоят ҳастанд ва ба қарзҳои имтиёзноки бонкӣ дар кишварашон дастрасии бештар доранд, кам мекунад.
Аммо масъулини бонкҳои вилоят дар посух ба ин талаби соҳибкорон баён доштаанд, ки бонкҳо аз фаъолияти тиҷоратӣ даромад мегиранд ва имконияти паст намудани фоизи қарзи бонкиро надоранд.
Аз рӯи омори мавҷуда, имрӯз фоизи аксар бонкҳои тиҷоратӣ наздики 44-46 фоизи солонаро ташкил медиҳад. Роҳбарияти бонкҳо изҳори омодагӣ карданд, ки дар сурати мавҷудияти барномаҳои мушаххаси соҳибкорӣ, ки ба рушди фаъолиятҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ нигаронида шуданд, бонкҳо метавонанд ба соҳибкорон қарзҳои имтиёзнок пешниҳод кунанд.
Вобаста ба изҳороти мазкур Нигина Ватанбекова баён дошт, ки гарчанде бисёре аз соҳибкорони вилоят бо барномаҳои мушаххас ба бонкҳо барои гирифтани қарзи имтиёзнок муроҷиат карданд, вале дархосташон қонеъ нашудааст. Барои исботи гуфтаҳояш аз фаъолияти кориаш чун роҳбари ҶДММ «Авитсена», ки дар доираи фаъолият бо коркарди рустаниҳои шифобахши минтақа ва истеҳсоли дорвуворӣ барои равнақ додани соҳа бо барномаи мушаххас ба бонкҳо муроҷиат мекунад, аммо бенатиҷа, мисол пеш овард.
– Айни ҳол мо аз 25 намуди рустаниҳои шифобахши минтақа дору омода мекунем ва имкони наздики ду баробар афзоиш додани теъдоди гиёҳҳои коркардмешуда вуҷуд дорад, агар мо соҳиби қарзи имтиёзноки бонкӣ бошем, – қайд кард Раиси Ассотсиатсияи бонувони соҳибкори вилоят.
Ҳамчунин, дар рафти мулоқот тоҷирони вилоят хостори таъсиси намояндагии сафорати Чин дар ВМКБ шуданд, то бонувони соҳибкор бидуни мушкилот ва сарфи вақту маблағи зиёдатӣ соҳиби раводиди ин кишвар шаванд.
Ба иттилои расмӣ, имрӯз дар вилоят наздики 3 ҳазор нафар соҳибкорони инфиродӣ фаъолият мекунанд, ки аз ин шумор 60 фоизашро занон ташкил медиҳанд.