Зуҳри имрӯз, 8-уми апрел ҷанозаи устод дар қабристони маҳалли зисташ - маҳаллаи Чортути ноҳияи Рӯдакии шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.
Пайванди Гулмуродзода дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарс мегуфт. Вай аз соли 1992 то соли 1996 ба ҳайси муовини декани ҳамин факулта ва солҳои 2005-2006 ба ҳайси декани факултаи журналистика фаъолият доштааст. Ӯ муҳаққиқи соҳаи адабиёт ва публисистикаи ибтидои садаи 20-и тоҷик буд, ки таваҷҷуҳаш бештар ба масъалаҳои мактабу маориф, фарҳангу адаб, худшиносиву худогоҳии миллӣ равона шуда буд.
Аҳли қалами «Бонувони Тоҷикистон» нисбати марги бармаҳали устод Пайванди Гулмуродзода андӯҳгин буда, ба аҳли наздикону пайвандонаш сабри ҷамил мехоҳанд.