Дар озмун ҳунармандони 15 театри ватанӣ, аз ҷумла Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо намоиши “Чархи гардон”-и Нур Табаров, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа бо намоиши “Лаку Пак”, Театри драмаи русии ба номи Александр Пушкини шаҳри Чкалов бо намоиши “Лӯлиён”, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ бо намоиши "Шатҳ" ва дигар театрҳо бо намоишҳои худ ҳунарнамоӣ менамоянд.
Фестивал то санаи 10-уми апрел идома ёфта, ҷамъбаст ва муайян намудани ғолибони он дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мешавад.
Ёдовар мешавем, ки “Парасту», ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбии Тоҷикистон аст, ки дар ду сол як маротиба баргузор мешавад ва ҳадафи он ташвиқ ва рушди театр, ҳамчунин ба ин васила дарёфти беҳтарин истеъдодҳои театрӣ аст.