Ба гуфти манбаъ, дар озмун донишҷӯёни 6 мактаби олии кишвар: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Донишгоҳи славянӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ширкат хоҳанд кард.
Қайд карда шуд, ки корҳои анҷомёфта аз рӯйи меъёрҳои зерин: дизайн, ҷолибият, маълумотнокӣ, маҳорати муаррифӣ, техникаи иҷро баҳогузорӣ мешаванд.
Ба ҳайати ҳакамон намояндагони Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, ширкати «МегаФон», ҳамчунин мутахассисони пешбари соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дохил хоҳанд шуд.
Муаррифии лоиҳаҳо 18 апрел дар доираи лоиҳаи «МегаФорум», ки аз ҷониби ширкати «МегаФон» се сол инҷониб баргузор мешавад, сурат хоҳад гирифт.