– Дар сурати бо иқтидори пурра ба фаъолият сар кардан мо метавонем боз 35 нафари дигарро бо кори доимӣ таъмин намоем, – қайд кард М.Фазлиддинов.
Гуфта мешавад, ки маҳсулоти асосӣ ё ашёи хомро аз қабили коғазпора, коҳи гандуму ҷав, пахоли шоливу қамиш, ғузапояро корхона аз шаҳрвандон харидорӣ мекунад. Баъдан, мутахассисон аз ин ашёи хом коғази ташноб, коғази дастпоккунӣ, коғази чопи матбаавӣ – офсетӣ, коғаз барои сохтани ҳар гуна қолабҳоро омода мекунанд.