Дар қаламрави вилояти Суғд 173 адад кӯдакистон фаъолият менамоянд, ки дар онҳо дар маҷмӯъ 26 453 нафар кӯдакон фаро гирифта шудаанд. Аз онҳо 12 050 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Ба тарбияи онҳо 2190 нафар мураббиён машғуланд, ки ҳама бонувон мебошанд.
Дар вилояти Суғд 1751 нафар омӯзгорон унвони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» доранд, ки аз он ҷумла 689 нафарашон бонувон мебошанд.