- Соли гузашта Раиси вилоят як гурӯҳ рӯшанфикронро аз қабили меъморону рассомон, ҳайкалтарошону тарроҳон ва масъулини шаҳрдориро даъват карда,пешниҳод карданд,то дар маркази шаҳр яке аз рамзҳои баҳори тоҷикона интихоб ва насб карда шавад,- иброз дошт Бахтиёр Қосимов.- Мутахассисон, баъд аз машварат ба чунин натиҷа расиданд, ки бояд дарахти зардолуи шукуфон сохта ва насб гардад. Зеро ҳарчанд дар Хуҷанд ва атрофи он нахустин шуда бодом гул мекунад ва он як навъ аз расидани баҳор мужда медиҳад, он рамзи баҳор буда наметавонад, зеро имкон дорад баъд аз шукуфтани бодом боз барф борида сардиҳои зимистон такрор шавад. Вале чун зардолу бишкуфт, баҳор ва гармиҳои он бебозгашт меояд ва мардум бо баробари гул кардани зардолу ба кишти баҳории зироат шурӯъ мекунанд.
Бояд ёдовар шуд, ки дарахти бузургу сершохаи зардолуро кормандони муассисаи ободонии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳнамоии мутахассисин аз қубури оҳанин омода сохта, тана ва шоҳаҳои онро бо симтӯр печондидаанд. Муғҷаву гулҳои навшукуфтааш аз давлати Чин оварда насб шудаанд. Дарахти зардолуи рамзӣ то ба охири моҳи март дар ҷойи насбшуда хоҳад истод.
Сайру гаштҳои асосии наврӯзии имсола дар Хуҷанд дар Боғи Ғалаба, ки дар канори дарёи Сайҳун воқеъ аст, баргузор хоҳад шуд.