Нахуст Президенти кишвар ҳозиринро бо ҷашни Наврӯз шодбош гуфта, таъкид дошт, ки яке аз оинҳои хуби наврӯзӣ дасти кӯмак дароз кардан ба ятимону бепарасторон, маъюбу барҷомондагон ва ниёзмандон ҳисобида мешавад. Ҳамчунин сардори давлат қайд кард, ки табақаҳои ниёзманди аҳолӣ бояд ҳамеша мавриди дастгирию пуштибонии мардуми сарватманду саховатманд ва сохторҳои масъули давлатӣ қарор дошта бошанд.
Зимни суҳбат Сардори давлат изҳори норозигӣ аз он кард, ки дар қатори донишҷӯёни бо квотаи президентӣ таҳсилкунанда шумори ятимону бепарасторон хеле каманд. Ба муассисаҳои таълимии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дастур дода шуд, ки дар интихоби кадр бештар ба ятимписарони солиму бардам такя карда, давоми таҳсил онҳоро бо хӯроку сарулибос ва баъд аз итмом бо кори доимӣ таъмин намоянд.