Ба гуфтаи Гулхоним Сафарова, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Варзоб, дар ду давраи озмуни мазкур беҳтарин омӯзгорон, ки таҷрибаи пешқадами онҳоро дигарон истифода мебаранд, ҷалб гардида буданд.
Дар асоси хулосаи ҳакамон ғолиби даври ноҳиявии озмуни «Муаллими сол-2013» омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и ноҳияи Варзоб Шарифгул Ҳусейнова эълон гардид.
Тибқи иттилои бадастомада, даври севуми Озмуни «Муаллими сол-2013» миёни беҳтарин омӯзгорони ноҳияҳои тобеи кишвар моҳи майи соли ҷорӣ баргузор мегардад.