Барои ба кор фаро гирифтани бонувони ноҳияи Фархор корхонаи ресандагии ҶСК «Заминтекс-тил» ба кор оғоз мекунад. «Корхона метавонад 150 нафарро ба кор фаро бигирад, – мегӯяд Қурбонбой Каримов, раиси ноҳия. Раҳматхуҷа Камолов, муовини раиси ноҳияи Фархор таъкид намуд, ки барои ба кор фаро гирифтани бонувон дар корхонаи пахтатозакунии ҶДММ «Адолат-А» бунёди корхонаи калобаресӣ бо иқтидори 1000 тонна дар сол, дар нақша ҳаст. Дар ҳолати ба кор даромадани корхонаи мазкур 100 бону ба кор фаро гирифта мешаванд.
Дар назди тамоми ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Ҷиргатол муассисаҳои томактабӣ ва сехҳои дӯзандагӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Дар умум соли ҷорӣ дар қаламрави ноҳияи мазкур бунёди 131 иншооти гуногуни хидматрасонӣ идома дорад, ки дар сурати ба истифода додани онҳо садҳо нафар бонувони ноҳия соҳиби ҷойи кор мешаванд.
Дар ноҳияи Бохтар коргоҳи дӯзандагӣ барои духтарони маъюб ва имконияти ҷисмониашон маҳдуд ба истифода дода шуд. Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, зимни иштирок дар маросими кушодашавии ин синфхонаи дӯзандагӣ иброз дошт, ки 40 нафар касбомӯзон пас аз хатми омӯзиш ба ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.
Масъулини ноҳияи Қубодиён тасмим гирифтаанд, ки тавассути рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ истеҳсолоти хонагиро ривоҷ дода, барои бонувон дар шароити хона ҷойҳои корӣ таъсис медиҳанд. Аз таҳлилу омӯзиши масъулини бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия бармеояд, ки маҳсули сӯзанӣ, қолинбофӣ, кандакорӣ, нонпазӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар бозорҳои дохилу хориҷ аз кишвар харидори худро дорад.