Тибқи иттилои манбаъ дар сурати ризояти пайвандони маҳрум Сафорати Тоҷикистон дар Москав хароҷоти ба Тоҷикистон интиқол додани тобути рассомро ба ӯҳда мегирад.
Хушбахт Хушвахтов соли 1926 дар ноҳияи Рушони ВМКБ ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи санъати ба номи В.И Сурикови шаҳри Маскав буда, соли 1974 бо унвони рассоми халқии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Гуфта мешавад, ки Хушбахт Хушвахтов фаъолияти эҷодии худро аз омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Душанбе оғоз намуда, якчанд сол дар вазифаи Раиси раёсати Иттифоқи рассомони Тоҷикистон кор кардааст.
Номбурда муаллифи асарҳои маъруфи «Хоруғ», «Ҳунармандони мардумӣ», «Абадият» ба ҳисоб рафта, гулчини асарҳояш дар Осорхонаи миллии ба номи Беҳзод маҳфуз аст.