Ҳамасола гуруҳи модарон дар пешорӯйи ид ба қисмҳои ҳарбӣ рафта, бо ҳаёт ва хизмати сарбозон шинос мешаванд ва ба онҳо ҳадяҳо тақдим мекунанд. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба сарбозону афсарон барномаи фарҳангӣ пешкаш мегардад.
Кумитаи занони вилоят дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Роштқалъа, Шуғнон ва Рӯшон бо духтарон мулоқот баргузор намуд. Ҳадаф тарғиби ҳунармандӣ дар шароити хона ва мусоидат ба сайқал ёфтани савияи маърифатии онҳо арзёбӣ мегардад. Кумитаи занон ҳадаф дорад, ки чунин мулоқотро дар кулли навоҳии вилоят анҷом диҳад.
Моҳи августи соли равон дар Хоруғ Анҷумани байналмилалии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ҳамоиши «Помиринвест» баргузор мешаванд, ки ҳадафи онҳо мусоидат ба рушди инфрасохтори тиҷорат ва ҷалби сармоягузорӣ ба вилоят эълом гардидааст.
Ҳамасола дар вилоят қариб як ҳазор гектар замини нав мавриди истифода қарор мегирад. Имсол дар ноҳияи Шуғнон 100 гектар замини нав корам мешавад.
Аз оғози соли равон ба ВМКБ зиёда аз 1500 тонна орд бе хароҷоти нақлиёт ворид шуд. Маводи зарурии ғизоиро Агентии захираҳои модии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши Президенти кишвар интиқол додааст. Чунин тадбир аз болоравии нархи орд ва дигар намудҳои зарурии маводи ғизоӣ дар бозорҳои вилоят ҷилавгирӣ мекунад.
Дар Бадахшон 261 деҳа хати оби нӯшиданӣ доранд. Ба гуфти мутахассисон 62 дар сади сокинони деҳоти вилоят ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ доранд. Ин нишондиҳандаи баландтарини таъмин намудани сокинони деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.