Гуфта мешавад, ки терминали марказии нақлиёт пас аз тармиму навсозии бинои саристгоҳи автобусҳо ва ворид кардани воситаҳои нави мусофиркашонӣ, ки бо сарфи 140 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст, аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии “Ҳолдинг Контгрупп Тоҷикистон” таъсис ёфтааст.
Терминали нав барои мусофирон маҷмӯи хизматрасониҳои заруриро аз ҷумлаи толори интизорӣ, навори ҷадвали ҳаракати автобусҳо, хазинаҳои чиптафурӯшӣ, намояндагии “Конт Инвест Бонк”, мағозаву қаҳвахона, хонаи модар ва кӯдак, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, инчунин барои воситаҳои нақлиёт истгоҳи калон ва нуқтаҳои хизматрасонии техникиро, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалианд, фароҳам овардааст.
Барои фаъолияти босамари терминал 40 автобуси мусофиркашони сатҳи байналмилалӣ ва 40 адад нақлиёти сабукрави таксӣ ворид карда шудааст. Аз рӯи гуфти масъулини рӯзҳои наздик ворид кардани боз 300 автомашинаи сабукрав ва 50 автобуси замонавӣ дар назар дошта шудааст.
Бо татбиқи босамари ин лоиҳа 12 сайрхати дохили мамлакат эҳё гардида, зиёда аз 300 нафар ба ҳайси ронанда, кормандони хизматрасонии техникӣ ва роҳбаладон аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шудаанд. Инчунин дар назар аст, ки то охири соли равон шумораи ҷойҳои корӣ ба 2 ҳазор ва баъди пурра ба охир расидани корҳои таҷдиду таҷҳизонидани терминал ба дуюним ҳазор мерасад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба шароити дар ин ҷо муҳайёгардида баҳои баланд дода, пешниҳод намуд, ки ба он мақоми “Терминали байналмилалӣ” дода шавад.