Барои иштирок дар ҷамъомади идонаи бахшида ба Рӯзи Модар занону духтарони фаъоли касбу кори гуногун аз тамоми вазорату идораҳо, сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва аз гӯшаю канори кишвар ба ҳам омаданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аҳли толор ва кулли модарону бонувони ҷумҳуриро бо Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, қайд кард, ки «Зан-Модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи Модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Яъне соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шурӯъ мешавад», – қайд кард Сарвари давлат.
Дар масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ҳарф зада, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ин мавзӯъ ҳамеша дар мадди назари худи Сардори давлат қарор дорад ва «Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таълиму тарбияи занону духтарони фаъолу ташаббускор ва пешбарӣ намудани онҳо ба вазифаҳои идорию роҳбарӣ дар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ пайваста тадбирҳои судбахш амалӣ менамояд». Санадҳои қабулшуда ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, вусъат додани имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти занону бонувон мусоидат менамоянд. «Аз ҷумла, Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонун «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Барномаи «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» ва «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» муҳимтарин санадҳое мебошанд, ки барои беҳтар гардонидани ҳаёти иҷтимоии занон нақши ҳалкунанда мебозанд», - гуфта шуд дар баромад ва қайд гардид, ки наздики 30 фоизи хизматчиёни давлатиро занон ташкил медиҳанд.
Дар рафти суханронӣ Сарвари давлат дар хусуси аз таҳсил дур мондани духтарон изҳори нигаронӣ намуда, қайд кард, ки маҳз бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб кардани ҷавондухтарону ҷавонписарони манотиқи дурдасти кӯҳистон аз соли 1997 то имрӯз тибқи квотаи Президенти мамлакат беш аз даҳ ҳазор нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дохил шудаанд, ки аз ин шумора ҳафт ҳазору панҷсад нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
«Аз 151 ҳазор донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат беш аз 42 ҳазор ё 28 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, аммо ин нишондиҳанда ҳоло моро қонеъ карда наметавонад ва мо бояд кӯшиш намоем, ки теъдоди ҳарчи бештари духтарон ба таҳсилоти олӣ фаро гирифта шаванд» – қайд кард Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Вазорати маориф бо назардошти вазъ вазифадор карда шуд, ки барои ҷалби духтарон ба таълими ҳатмии миёнаи пурра ва идомаи таҳсили духтарон дар макотиби олӣ чораҷӯӣ саривақтӣ андешад.
«Дар баъзе шаҳру ноҳияҳо аз таҳсилоти ҳатмии умумӣ дур мондани кӯдакони синни мактабӣ то ҳанӯз ба чашм мерасад. Тибқи маълумот дар ду соли охир беш аз 2600 нафар, аз ҷумла қариб 1400 нафар духтарон аз таҳсил берун мондаанд, ки ин боиси нигаронист.
Аз ин рӯ, ба Вазорати маориф супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва падару модарон барои ҳалли ҳарчи зудтари масъалаи зикршуда чораҳои зарурӣ андешад».
Дар баромад ҳамчунин ба нақши занону модарон дар таълиму тарбияи шоистаи фарзандон ва умуман насли солими наврас таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки пеш аз ҳама бонувону модарон метавонанд дар татбиқи босамари қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» нақши муассиру судбахш дошта бошанд.
Бино ба иттилои Сарвари давлат аз соли 2006 ба ин сӯй ҳар сол барои бонувони соҳибкор 40 гранти Президентӣ ҷудо шудааст, ки маблағи умумии он дар 7 соли охир ба 5 миллиону 300 ҳазор сомонӣ расидааст. Аз ин маблағҳо 96 сохтори соҳибкории бонувон ва 170 соҳибкорбонуи инфиродӣ баҳравар шуда, фаъолияти босамари худро дар тиҷорат ва истеҳсолоти хурд ташкил намудаанд.