Чорабиниро Носирҷон Салимов директори Китобхонаи миллӣ ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки модар аз офаридаи муътабари яздонист, ки дуояш назди офаридагор мақбулу пазирост. Нахустмураббӣ ва муаллими фарзанд зан-модар аст, ки миллат ва ҷомеаро тарбия менамояд.
М.Пиров мудири Шӯъбаи фарҳанги дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ таъкид бар он кард, ки бонувон дар пешрафти тамоми соҳаҳои давлатдорӣ саҳми бориз дошта, шукуфоии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлолро бе онҳо тасаввур кардан номумкин аст.
Ҳамчунин дар ҳамоиши мазкур Маҳфират Хидирова вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Абдувоҳид Шамолов директори Пажуҳишгоҳи фалсафаи Академияи Улум ва шахсиятҳои дигари шинохтаи кишвар суханронӣ намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми бонувони кишварро бо Рӯзи Модар табрику таҳният гуфтанд.
Боиси қайд аст, ки дар доираи ин чорабинӣ, ифтитоҳи расмии толори хониши кӯдакона низ сурат гирифт.