Тибқи иттилои Азимҷон Шамсиддинов, муовини раиси ноҳияи Ванҷ, заминҷунбӣ 3, 5 балро ташкил дод. Дар натиҷаи заминларза девори хонаҳои 50 хоҷагии ноҳия зарар дид. Бинои Ҷамоати деҳоти «Ҷовидон» дар натиҷаи заминларза дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Муовини раиси ноҳия ёдовар гардид, ки бинои ҷамоат аз замиҷунбиҳои соли гузашта сахт осеб дида буд.
Рӯзи 4-уми март соати 20-и шаб боз ҳам заминларза такрор шуд, аммо тибиқи иттилои расмӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Азимҷон Шамсиддинов, муовини раиси ноҳия, дар суҳбати телефонӣ иттилоъ дод, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқуллода комиссияе созмон дода шуд. Комиссия мазкур аз маҳалли заминларза дидан намуда, ба мардум дар доираи имконоти дар дастдошта кумак мерасонад. Номбурда ёдовар шуд, ки замин се рӯз боз ду –се маротиба такон мехӯрад.
Ҷойи тазаккур аст, ки соли гузашта низ дар ноҳия Ванҷ заминларза ба қайд гирифта шуда буд ва он чандин вақт такрор ёфта, ба мардуми ноҳия зарари зиёд расонид.