Аз рӯи гуфти Мизроб Доробов, нозири калони шӯъбаи нозироти ташкилии РКД-и вилоят ин ҳодисаи аввалини ҳуҷуми гург ба инсон аст, ки дар соли 2013 аз ҷониби кормандони милитсия ба қайд гирифта шудааст.
Аз рӯи нақли шоҳидон Н.Худододова шабонгаҳ ба рӯи ҳавлӣ баромаданӣ шуда, ба тӯдаи гургони гурусна дучор мешавад ва дар натиҷаи ҳуҷуми онҳо аз қисмати гардан ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҷои ҳодиса ҷон медиҳад.
– Яке аз сабабҳои сар задани ҳодиса дар он аст, ки деҳаи Баджув дар баландӣ, дар масофаи наздик ба кӯҳ ҷойгир шудааст. Аз ин хусус, дар фасли сармо баъзан ҳайвоноти ваҳшӣ ба деҳа мефароянд. Дар таҷрибаи мо солҳои пеш ҳуҷуми ҳайвонҳои ваҳшӣ ба одамон ба қайд гирифта шуда буданд, аммо дар соли ҷорӣ ин аввалин ҳодиса аст.
Гуфта мешавад, ки соли гузашта дар води Ғунди ноҳияи Шуғонон 6 ҳодисаи ба одамон ҳамла кардани ҳайвонҳои ваҳшӣ ба қайд гирифта шуда буд.