Ин кӯдак фарзанди аввалини оила ба ҳисоб рафта, бо вазни 2кг 740 гм ба дунё омадааст. Вазъи саломатии модару кӯдаки навзодро табибони таваллудхонаи №3-и пойтахт, ки зери муроқибат гирифтаанд, хуб арзёбӣ мекунанд.
Дар назар аст, ки барои падару модари шаҳрванди ифтихории кишвар, ки истиқоматкунандаи маҳаллаи Буни Ҳисораки пойтахтанд рӯзҳои наздик калиди хонаи дуҳуҷрадор супорида мешавад.