– Падару модарон кӯдакони ноболиғро ба дасти хешу табор супорида ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. То имрӯз шумори умумии занҳои муҳоҷир ба 124 ҳазор нафар расидааст. Дар натиҷаи беназорат мондан кӯдакон аз субҳ то шом дар кӯчаҳо сарсону саргардон ба ҳар кори ношоиста даст мезананд. Натиҷа ин аст, ки танҳо дар як соли 2012 625 қонуншиканӣ аз ҷониби ноболиғон содир шудааст. Ин бисёр ташвишовар аст, – қайд кард С.Тағоева.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар соли 2012 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 800 қонуншикании аз ҷониби занҳо содиршуда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда назар ба соли 2011 172 ҳолат зиёд аст.