Ҳамчунин, гуфта шуд, ки қарзҳои дебитории ширкат ба 714, 60 миллион сомонӣ расидааст. Аз ҷумлаи ин қарзҳо, 24, 2 миллион сомонӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии ширкати Алюминии тоҷик, 215, 5 миллион сомонӣ ба Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об ва 316, 2 миллион сомонӣ ба аҳолӣ тааллуқ дорад.
Бо сабаби пайваст набудани кишвар ба системаи энергетикии Осиёи Миёна Тоҷикистон натавонист нақшаи фурӯши барқро ба кишварҳои хориҷ амалӣ намояд, қайд кард раиси ширкати «Барқи тоҷик».
Гуфта мешавад, ки раҳбарияти ширкат тасмим гирифтааст, имсол наздики як миллиард кВт соат неруи барқро ба давлати Афғонистон интиқол диҳад.