Дар ин бора зимни як нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи занон ва кор бо оилаи вилояти Суғд Раъно Бобочонова иттилоъ дод. Назар ба суханони раиси занҳои вилоят соли гузашта 3165 оила вайрон шудааст, ки назар ба нишондаи соли 2011 189 адад зиёд аст.
– Вайроншавии оилаҳо сабабҳои зиёд доранд. Ҳодисаҳое ҳам буданд, ки оилаҳо барвақт никоҳи хешро тавассути суд бекор кардаанд, аммо нав ин бекоршавиро дар шӯъбаҳои САҲШ ба расмият даровардаанд. Мушкили дигар ин барвақт оиладор кардани ҷавонон аст, ки бо баробари мувоҷеҳ шудан бо камтарин мушкил онҳо илоҷи корро дар ҷудошавӣ мебинанд. Баъзеҳо оиладор шуда, баъди андак вақт ҳамсарони ҷавони хешро гузошта ба муҳоҷират мераванду бо ҳаминтелефонӣ ҷавоби духтаронро медиҳанд, ки ин амали норавост – мегӯяд Р.Бобоҷонова.
Масъулин мегӯянд, аз он ки ҳар як ҳодисаи вайроншавии оилаҳо ҳамзамон гуна-гуна масоили печидаи иҷтимоӣ, аз ҷумла, баҳсҳои манзилӣ, ҳуқуқ ба моликият ва ҳамчунин мушкилоти равониро ба дунбол дорад, мекӯшанд ҷангу ҷанҷол ва нофаҳмиҳои оилавиро бо роҳу сулҳу салоҳ ҳаллу фасл намоянд.