Ойниҳол Бобоназарова ҳомии ҳуқуқ иброз дошт, ки меъёри интихоб дар озмун танҳо салиқа нест, балки мавқеи шахсиятҳост. Ӯ гуфт: «Маро ба сифати як зани ҷасур шомили рӯйхат намуданд, на шахси хушсалиқа. Зеро ҳомиёни ҳуқуқи башар умуман ба салиқаву услуб аҳамият намедиҳанд».
Ба гуфти Субҳон Ҷалилов, директори барномаҳои радиои Ватан дуввумин сол аст, ки озмуни «50 хушсалиқаи Душанбе» бо ибтикори ширкаи радио «Ватан» баргузор мегардад. Ҳадафи баргузории озмуни мазкурро ташкилкунандагон муаррифӣ ва пайравӣ ба нафарони шинохтаву кору пайкорашон дар ҷомеа намунаи ибрат арзёбӣ мекунанд.
Дар озмуни имсола 23 нафар бону ғолиб дониста шуданд. Инро Субҳон Ҷалилов гувоҳи пешрафти бонувон дар соҳоти гуногун ва дарёфти мавқеашон дар ҷомеа медонад.
Ба гуфти Рустам Маҷидов яке аз иштирокчиёни ҷамъбасти озмун на ҳамаи ғолибон сазовори унвони «хушсалиқа» буданд.