Дар нишаст гуфта шуд, ки сатҳи ҷинояткорӣ байни наврасон афзуда, танҳо дар соли 2012 625 ҳодисаи содир кардани ҷиноят аз ҷониби ноболиғон ба қайд гирифта шудааст. Дар қатори ҷиноятҳои вобаста ба авбошию қаллобӣ, нашъамандию дуздӣ ҷинояти махсусан вазнини куштор низ аз ҷониби ноболиғон содир шудааст.
– Ҳамчунин, дар соли 2012 аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон 1055 ҷасад оварда шудааст, ки аз ин шумор 93-тоаш ҷасади занон аст, – қайд кард Р.Раҳимов.