Шамсиддин Қурбонов, роҳбари Маркази тиббии «Насл» ва яке аз ташаббускорони аввалин иқдоми ба роҳандозии ҳамли сунъӣ дар Тоҷикистон гуфт: «Ин таҷрибаи комилан нав дар кишвар буд, ки мо масъулияташро аз аввал то охир худамон бар зимма доштем. То имрӯз қисмати асосии амалиёти бордоркунии сунъӣ дар хориҷ анҷом дода мешуд ва мо танҳо таҷрибаи тариқи ҷарроҳӣ аз батни модар берун овардани ин кӯдаконро доштем. Хушбахтона, барои оилаҳои бефарзанд имрӯз имконе фароҳам омад, ки дар дохили кишвар, бе харҷи зиёд соҳиби фарзанд шаванд».
Бо ҳадафи кӯмак ба оилаҳои бефарзанд соле пеш дар Тоҷикистон маркази тиббии «Насл» ба фаъолият шурӯъ кард. Аз рӯи гуфти масъулини марказ то имрӯз 35 нафар амалиёти ҳамли сунъиро гузаштаанд, ки аз онҳо 10 нафарашон интизори тавлиди фарзанданд.
– Тақрибан ним соат пеш аввалин ҳосили амали мо, аз ҳамли сунъӣ ду писарбачаи комилан солим, яке бо вазни 2 кг 500 гр ва дуввумӣ бо вазни 2 кг 700 гр ба дунё омаданд. Кӯдаконро аз батни модар бо истифода аз ҷарроҳии бурриши қайсарӣ берун овардем. Вазъи модар хуб аст. Ин ҳамл бо истифода аз ҷанини худи зану шавҳар сурат гирифтааст, ки дар натиҷа баъд аз 12 соли бефарзандӣ оилае якбора соҳиби ду кӯдак шуд, – мегӯяд Ш.Қурбонов.