-Дар ҳар сурат комиссияи босалоҳияте аз ҷумлаи коршиносони соҳаҳои гуногун таъсис хоҳад ёфт. Он ҳама талабу дархости бонувони соҳибкорро, ки мехоҳанд ба дарёфти гранти мазкур ноил шаванд, баррасӣ хоҳад кард,- таъкид дошт сарвари бонувони вилоят.- Авлавият ба онҳое дода хоҳад шуд, ки ният доранд доираи фаъолияти хешро васеъ созанд ва ҷойҳои нави кориро барои ҳамватанон фароҳам оваранд.
Чанд рӯз қабл зимни нишасти матбуотии хеш Раиси вилояти Суғд, Қоҳир Расулзода аз фаъолияти соҳибкории бонувони вилоят изҳори қаноатмандӣ ва хушнудӣ намуда буд. Аз ҷумла, ӯ таъкид дошт, ки баъд аз баргузории озмуни «Фараҳ-2012» тасмим гирифт, то чунин як грантро барои дастгирӣ ва рушди бештари соҳибкории бонувон таъсис диҳад.