Назира Ғаффорова – муовини Раиси МНМО дар хусуси вохӯрӣ бо интихобкунандагон ва натиҷаҳои нишастҳои мазкур сухан карда, қайд намуд, ки бештар занон дар вохӯриҳо бо вакилбонувон аз мушкили иҷтимоӣ шиква мекарданд. Хушунати хонаводагӣ, набудани имконияту шароитҳои касбомӯзӣ дар деҳот, масъалаҳои муҳоҷират, риоя нашудани қонуни танзим, надоштани дониши ҳуқуқӣ, аз масъалаҳое будаанд, ки бонувонро бештар ба ташвиш овардаанд.
– Ба ғайр аз ин як мушкили заноне, ки дар деҳот бо кишоварзӣ машғуланд, ин камии нафақаашон аст, ки ҳатман ин масъала мавриди ҳаллу фасл қарор мегирад. Дигар ин ки ҳоло ҳам дар маҳалҳо норасоии муаллимон, хоса муаллимони забонҳои англисӣ, русӣ ва информатика ба назар мерасад. Таваллуди хонагӣ ҷой дорад, занҳо мегӯянд, ки ба хотири надоштани маблағи лозима камтар ба табибон муроҷиат мекунанд. Дар мавриди муоина ва ташхиси кӯдакони маъюб мушкилиҳо зиёданд. Дар баъзе ноҳияву деҳоти дурдаст модарон шикоят мекунанд, ки аз набудани боғча, қасри варзиш, клубҳои фарҳангӣ, китобхонаҳо намедонанд кӯдаконашонро бо чӣ шуғл саргарм созанд, – қайд кард Н.Ғаффорова.
Муовини Раиси МНМО гуфт, ки барои омӯзиш ва пешниҳоди роҳҳои ҳали ин масоил ба шӯъбаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон дастуру супоришҳои мушаххус дода шуда, дар кӯтоҳтарин фурсат бояд онҳо мавриди ҳаллу фасли вакилон қарор бигиранд.
Бонувони намоянда аз ноҳияҳои Мастчоҳ, Ховалинг, Қурғонтеппа ба сухан баромада, таъкид карданд, ки идеяи ташкили вохӯриҳо бо бонувони маҳал бисёр хуб аст, зеро занҳои деҳот ҳамеша дар орзуи дидани бонувони фаъоли марказ ҳастанд.
Маърифат Шокирова, намоянда аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ баромад карда, дар хусуси масъалаҳои танфурӯшӣ ва баъзе аз рафторҳои ноҷои духтарони ҷавон мисолҳои мушаххас оварда, ин гуна кирдорҳои ношоистаро маҳкум намуд.
Бояд ёдовар шуд, ки вохӯрии вакилбонувонро бо занҳои маҳал ташкилоти ҷамъиятии «Зан – интихобкунанда» фароҳам овард, ки дар доираи ин барнома наздики 7 моҳ вакилон дар тамоми қаламрави кишвар бо занҳо сӯҳбату гуфтушунидҳо анҷом доданд.